Ба гузориши хабаргузории Аҳли Байт(а) ـ Абно ـ Шайх Алӣ Даъмуш, раиси Шӯрои иҷроияи Ҳизбуллоҳ, дар суханронии худ дар маросиме, ки тавассути ҳайатҳои занонаи Ҳизбуллоҳ дар маҷмаи Саййид-уш-шуҳадо(а) дар Доҳияи ҷанубии Байрут баргузор шуд, таъкид кард: Муқовимат бо ирода ва қудрат ба масири худ идома хоҳад дод, ба пирӯзии илоҳӣ имон дорад ва ба дурустии интихобҳои худ яқин дорад.
Вай бо ишора ба нақши ҳаётии Муқовимат дар дифоъ аз Лубнон, тасреҳ кард: Силоҳи Муқовимат бахши ҷудонопазир аз ҳифзи мавҷудияти кишвар аст ва таҳти ҳеҷ шароите онро таҳвил нахоҳад дод.
Даъмуш ҳамчунин нисбат ба талошҳои муштараки Амрико ва режими саҳюнистӣ барои табдили артиши Лубнон ба абзоре дар муқобила бо Муқовимат ҳушдор дод ва хостори нокомсозии ин тарҳҳо шуд.
Ӯ бо баёни ин ки Муқовимат бо вуҷуди фидокориҳои фаровон ҳамчунон дар ҳоли бозёбӣ, тақвият ва афзоиши омодагӣ аст, таъкид кард, ки террори фармондеҳон на танҳо иродаи Муқовиматро тазъиф намекунад, балки азму пойдории ҳаводоронашро низ бештар хоҳад кард.
Your Comment